НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ШАРҲ ДОДА МЕШАВАНД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

               Санаи 24 январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Хутан мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоати мазкур оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 баргузор карда шуд.

                 Дар мулоқот иштирок доштанд, Қурбонов Бобоҷон намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон, Раҳматуллозода Дилбар, муовини раиси ноҳияи Фархор, Раҳимзода Раъно муовини аввали раиси ҲВМЭТ дар ноҳияи Фархор, Ғаффорзода Шоҳрӯх муовини раиси ноҳия ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор. 

                Раҳимзода Раъно аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, муовини аввали раиси ҲВМЭТ дар ноҳияи Фархор ба сухан баромада иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Паём яке аз рукнҳои муҳим ва муосири давлатдории миллии мо тоҷикон ва дигар кишварҳо буда, ҳамчун дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ҳисоб меёбад. Чунки тавассути ин санади расмӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои як сол муайян карда мешаванд. Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузори кишвар, аҳамияти муҳими сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун қутбнамо барои муайянсозӣ ва тадбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд.

            Дар идома Вализода Маҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба масълаи мазкур гуфта гузантанд, ки ироаи Паёми имсолаи худ иброз доштанд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.