ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён корҳои ободонию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Дар ин давра дар ноҳияи Кӯшониён якчанд сохтмонҳои иншоотҳои истиқоматӣ, биноҳои корӣ, бунёду аз навсозии роҳои мошингузар, роҳравҳои одамгузар сангфаршу мумфарш ва сафолакпушкунонии онҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аксари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.