Ҳашари дастачамъонаи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр дар заминҳои наздимуассисавии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон –МТМУ №17”-и ноҳияи Восеъ аксияи тозагӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ баргузор гардид.Аз ҷониби масъулон гирду атрофи ташкилоти мазкур тоза гардида, деворҳои берунӣ рангу бор карда шуданд,  дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва дар ҷойҳои муайянгардида қаламчаи гулҳои садбарг шинонида шуд. Албатта, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф аз маданияти баланди шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Ин иқдом ҳамарӯза идома дошта, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар ободонии муассиса саҳми арзандаи худро гузорем-қайд намуд раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон” –Суфиев Раҷабалӣ.