РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19 январи соли 2024 дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор карда шуд. Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар охири амалиёт кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навбаҳор” бо иштирокдорон мулоқот доир намуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулин ба сокинони деҳаи мазкур ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён намуданд.  

Бояд гуфт, ки ин ташаббус дар тамоми оромгоҳҳои ҳудуди ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.