САҲМИ БЕАНДОЗА ГУЗОШТАН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашари дастаҷамъона шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар назди бинои коргоҳи худ шанбегӣ доир намуданд. Бояд қайд намуд, ки кормандони ташкилоти мазкур бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу берунӣ ва гирду атрофи коргоҳи худ, нарм намудани заминӽову канори дарахтон, шинонидани гулҳои мавсимӣ дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани симои коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.