Ҳашараи дастаҷаъмона баҳри ободиву зебогии муассиса

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ №11-И ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Ҷ. Р, мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва омузгорону кормандони муассиса беш аз 100 бех ниҳолҳои сояафкан, мевадиҳанда ва гулҳои мавсими шинонда шуд, ки ин шаҳодати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми навбати бар меояд, мебошад.Қобили зикр аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия  Восеъ корҳои ободониву сарсабзу хуррамгардонӣ ҷараён дорад. Чун сокинони ноҳияи Восеъ меҳнатдӯсту ободкор буда, ҳамеша дар пайи ободу зебо ва шукуфон намудани ноҳия талош менамоянд.