САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш” ва “МДМВ” – и ноҳияи Данғара шанбегии дастаҷамона бо иштироки  доираи васеи ҷавонону варзишгарон таҳти унвони "Мо ҷавонон ин ватанро сарсабзу хуррам мегардонем" баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки ин иқдом дар заминаи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин баргузор гардида, ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф мусоидат менамояд. Иқдоми сабзкорӣ аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Данғара ва МДМВ - и ноҳия пайваста гузаронида мешавад.