БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН ЗАҲМАТ БОЯД КАШИД!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ ва муҳити зист, сазовор истиқбол намудан аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ,  ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи кучаю хиёбонҳои маркази шаҳрак корҳои ободонию хуррамгардонӣ ба роҳ монда мешавад.

Кормандони муассисаи давлатии коммуналии ноҳия дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо бобати сазовор истиқбол намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат бахшида кучаю хиёбонҳои маркази шаҳракро тозаю поккорӣ намуда, дарахтани ороишии қад-қади роҳравҳоро оро дода, ба тартиб дароварда истодаанд. Заҳмати онҳо дар як навбат агар ба зебогии маркази шаҳрак шукуҳу шаҳомати хоса зам кунад, аз тарафи дигар ба устувории нигоҳ доштани вазъи экологӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

  

Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ: