ОҒОЗИ ҲАШАРИ УМУМИНОҲИВӢ ВА МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ШУРУЪ АЗ ДАРОМАДГОҲИ НОҲИЯ 

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи баргузории ҳашари умуминоҳиявӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои ҷаласаи назоратии назди Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо назардошти баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳар шанбе ва якшанбе то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ба ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо дар идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад."

     Ҳамзамон дар ҳашари мазкур аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меҳнатобод" иштирок намуда, саҳми мунсиби хешро гузоштанд. Гузашата аз ин маврид ба зикр аст, ки даромадгоҳи ноҳия мутааллиқ аст ба ҷамоати деҳоти Меҳнатобод.Вобаста ба супориши протоколии мазкур имрӯз, аҳли сокинон ва фаъолон ба ҳашар баромада шуруъ аз даромадгоҳи ноҳия ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз маъракаи муҳими сиёсӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро дар амал татбиқ менамоянд.      

       Аксҳо аз рафти ҳашари имрӯз

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ