РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ АЗ ТАЪМИР БАРОВАРДА МЕШАВАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи омодагиҳо аз ҷашни  35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо ҳар гӯшаву канори ноҳияи Ёвон бо роҳандозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ободу зебо гардида истодааст.

Ин навбат бо дастгирии соҳибкорони муваффақ ва ватандӯст, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҷавонон  ва саҳми маҳал  роҳҳои миёни деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин  пурра битонпӯш гардида истодааст. Ташаббусҳои созандаи соҳибкорони ватанӣ давоми иқдомҳои бунёдкоронаи  Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, кору пайкораш аз рисолати созандаи ҲХДТ маншаъ мегирад.