Ташаббуси ҳизбиён

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалоӣ Раҳмон дар самти рушди корҳои ободониву созандагӣ аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ камари ҳиммат баста, пайваста ташаббусҳои ҳизбӣ нишон дода истодаанд.

Дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия, ки роҳҳо корношоям баҳри равуои аҳолӣ мушкилӣ пеш меоранд, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ташаббус нишон дода, тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳхоро сангфарш намуда истодаанд.

Роҳи деҳаи Дараи Ҳавз ва деҳаҳои атрофии он, ки хокӣ аст дар мавсими зимистон ҳангоми боридани барф ва дар фасли баҳоро ҳангоми боридани борон лой гардида, равуои аҳолӣ мушкил мегардад.

Аз ин рӯ сокинони маҳаллаҳои номбуцрда-аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифта, роҳҳоро сангфарш намуданд, ки ин амали хайрхоҳонаи онҳо боиси бартараф намудани мушкилиҳо мегардад.

Акнун сокинон ва меҳмонон метавонанд бе мамоният  ва мушкилӣ дар ҳама фаслҳо тариқи ин роҳ равуо сохта, ниёзҳои худро бароварда созанд.