ОМИЛҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ САРАТОНИ ҒАДУДИ ШИРӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ба гуфтаи табибони саратоншинос, солҳои охир саратони ғадуди ширӣ миёни занон бештар шуда, 90 фоизи гирифторони ин бемориро занҳои  аз 40-сола боло ташкил медиҳад. Омилҳои асосии афзоиш ёфтани ин беморӣ сари вақт муроҷиат накардани беморон ба табибон арзёбӣ мегардад.

Замира Абдураҳмонова, саратоншинос-момодояи Маркази саломатии шаҳри Бохтар иброз медорад, ки бемории саратони ғадуди ширӣ аз ҷумлаи омосҳои бадсифат буда, ба гурӯҳи бемориҳои хатарнок дохил мешавад. «Илми тиб собит намудааст, ки дар занҳои аз синни 39 то 65 сола эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ  вуҷуд дорад. Дар баробари омилҳои синнусолӣ ҳамчунин омилҳои тағйирёбии гармонҳо, истеъмоли зиёди маводи ғизоии пастсифат,  синтетикӣ, чарбу, хӯрокҳои серравған ва шириниҳо сабабгори гирифторӣ ба ин бемориҳо шуда метавонад.
 

Ба гуфтаи мусоҳибамон, бемории саратони ғадуди ширӣ бемориест, ки дар марҳилаҳои аввали пайдоиш аз худ дарак намедиҳад.  Пайдоиши алоқамандии мураккаби байни системаи эндокринӣ ва иммунитети  организм, ки ба авҷи ҳуҷайраҳои аз таъсири консерогенҳои  гуногун трансформатсияшуда мусоидат мекунанд, муайян менамояд. Яқинан сабаби саратони ғадуди ширӣ метавонад вайроншавии генетикии ҳуҷайраҳои солим дар тӯли солҳои дароз бошад. Ин тағйиротҳои генетикиро ҳам омилҳои дохилии организм ва ҳам омилҳои беруна сабаб шуда метавонанд. Ду омили вайроншавии генетикӣ ба пайдоиши саратон оварда мерасонад, ки ин мутатсияи кислотаи дезоксирибонуклеаза (КДН) ва индуксияи пролифератсияи ҳуҷайравӣ дар асоси гиперэстрогенизатсия арзёбӣ мегардад.
 

Бо дарназардошти ҷавоншавии  ин беморӣ мо кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳар суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ   таъкидан  ба занҳо муроҷиат мекунем, ки онҳо бояд ҳар сари вақт худро аз муоинаи тиббӣ  гузаронанд, - мегӯяд Замира Абдураҳмонова.
 

Дар ҳолати мушоҳида шудани сахтӣ, омосҳо ва ё кулӯлаҳои саққомонанд  дар ғадуди шир сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Зеро маҳз дар ҳамин марҳила метавон ин бемориро пешгирӣ кард.  Ё ин ки бо муроҷиати саривақтӣ ба табибон дар марҳилаи аввали беморӣ ҷарроҳии узвнигоҳдоранда гузаронида мешавад, ки бо ин роҳ   хунравӣ ва пӯсиши омос пешгирӣ карда мешавад. Дар ҳолати сари вақт табобат нагирифтан хавфи паҳншавии беморӣ зиёд шуда, он реша медавонад, ки ба солимии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
 

Табибон тавсия медиҳанд,  ки дар ҳолати мушоҳида гардидани нишонаҳои гирифторӣ ба бемории саратони ғадуди ширӣ, бояд ҳарчӣ зудтар ба табибон муроҷиат намоянд. Аз ин хотир, бонувонро мебояд,  ки ҳадди ақал дар  шаш моҳ як маротиба аз назорати мутахассисони саратоншинос гузаранд.  Имрӯзҳо  ҳолатҳое ҳастанд, ки занону бонувони  20-сола низ  ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд.
 

Бинобар гуфтаи табибони саратоншинос худмуоинаи ҳармоҳаи ғадуди ширӣ ба занҳои аз синни 20 сола боло тавсия дода мешавад. Мақсади асосии  худмуоинаи ғадуди ширӣ ин баланд бардоштани масъулияти занҳо ба ҳолати пистон ва сари вақт муроҷиат намудан ба духтур ҳангоми ошкори тағйирот дар ғадуд аст.  Баъдан беморон бояд огоҳӣ дошта бошанд, ки на ҳама тағйироти ошкоршуда ҳангоми худмуоина омоси  бадсифат мебошад. Усули ягонаи ташхиси бармаҳал айни замон маммография мебошад. Дар ҳолати гирифтории як нафар аз аъзои оила ба бемории саратони ғадуди ширӣ табибон тавсия медиҳанд, бонувони аз синни 35-сола бола соле як маротиба аз ташхиси маммография гузаранд. Дар дигар занҳо ин намуд ташхис бо мақсади аниқ кардани сохти ғадуди ширӣ гузаронида мешавад,  - мегӯяд саратоншинос-момодояи Маркази саломатии шаҳри Бохтар.
 

Мавриди зикр аст, ки яке аз воситаҳои асосии  табобати беморони гирифтори саратони ғадуди ширӣ ин гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мебошад. Бо пешрафти усулҳои табобати нурӣ ва кимиёдармонӣ, таҳияи усулҳои нави самарабахши ташхиси паҳншавии омосро  муайянкунанда, аз солҳои 80-уми асри ХХ ҷарроҳии узвнигоҳдоранда ҳангоми саратони ғадуди ширӣ ба роҳ монда шудааст.
 

Бо бештари беморон бо марҳалаи I-II ҳангоми андозаи омос то 2,5 см ҷарроҳии узвнигоҳдоранда гузаронида мешавад, ки натиҷааш аз мастэктомия фарқ намекунад. Ба ҷарроҳии узвнигоҳдоранда лампэктомия, буриши васеи омос, буриши сегментӣ (секторӣ), квадрантэктамия дохил мешаванд. Новобаста аз терминалогия мақсади ин ҷарроҳиҳо гирифтани омос дар ҳудуди бофтаҳои солим бо натиҷаи қаноатбахши косметикӣ мебошад. Ҳангоми гирифтани ҳаҷми калон (буриши субтоталӣ ва мастэктомияи зерипӯстӣ) натиҷаи эстетикӣ танҳо бо реконструксияи яквақтаи ғадуд  ба даст меояд, - иброз дошт дар идомаи суҳбат  Замира Абдураҳмонова.
 

Ба гуфтаи табиби саратоншинос одатан бонувону модарони мо  доруҳои  зидди ҳамлро бештар  истифода мебаранд, ки ин амал метавонад  хатари ба саратони ғадуди ширӣ гирифтор шуданро зиёд намояд. Пеш аз он ки зан чунин маводи дорувориро  истеъмол намояд, ӯ ҳатман бояд аз муоинаи мутахассиси амрози занона ва саратоншинос гузарад. Дар ҳолати надоштани хатари беморӣ онҳо  метавонанд чунин ҳаб (таблеткаҳо)-ро истифода баранд.  Дар ҳолати доштани  гиперплазияи хушсифати ғадуди ширӣ ба занҳо истеъмоли чунин доруҳо тавсия дода намешавад.
 

Илова бар ин,  ба занону модарон тавсия дода мешавад, ки бештар сабзавоту меваҷот, аз ҷумла карам,  карами баҳрӣ, ки дар таркибашон  моддаи пешгирикунандаи саратон, дорад, истеъмол намоянд. Зеро истеъмоли ин гуна маҳсулоти серғизо дар пешгирии бемории саратони ғадуди ширӣ мусоидат мекунад,- мегӯяд Замира Абдураҳмонова, саратоншинос-момодояи Маркази саломатии шаҳри Бохтар.

 “Ҳамрози халқ”