ДУШАНБЕ- ШАҲРИ ОРЗУҲО

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Охири соли 2023  Корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон бо иқдоми навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳайати 35 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба қалби Тоҷикистон - Душанбе ташриф оварданд.

Ҳадаф аз  ин сафар, ки аз 21 то 25 ноябр идома ёфт, шиносоӣ бо  дастовардҳои  даврони соҳибистиқлолии  пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе буд. Ба ростӣ давоми сафар аз зебоиҳои пойтахт баҳра бурдем. Ҳангоме, ки аз "Кохи Наврӯз" дидан намудем, ҳунари дастони эъҷозофари ҳунармандони асил таҳти роҳбарии усто Солеҳ ва фарзандаш Баҳром диққати моро ҷалб намуд. Ҳар як толор аз дигаре зебою мунаққаш буда,  бо шакли меъморию тарроҳӣ ва истифодаи масолеҳу  маъданҳои қимматбаҳои Ватани азизамон аз ҳамдигар тафовут дошт. Толорҳои Дидор, Аржанг, Зарандуд, Гулистон умуман 7 толори мунаққаш аз дигаре зебою ҷаззоб бо қандилҳои бузурги пурҷилло аз шукӯҳу шаҳомати миллати тамаддунофари тоҷик шаҳодат медод. 16 сутуни рамзии толор аз Иҷлосияи таърихии 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисса мекард. Аз Иҷлосияе, ки ба интихоби дурусти  вакилони давр  ҷавонмарде зимоми давлатдории тоҷикро ба уҳда гирифт, миллату давлатро аз нестшавӣ  раҳоӣ бахшид.

Ба қалбҳои ноумед умеду боварӣ ба фардои дурахшонро  ҷой намуд. Оташи ҷанги  шаҳрвандиро бо хиради азалӣ хомӯш кард. Муҳоҷирони иҷбории чун донаҳои садафи парешонгаштаи тоҷику тоҷикистониро  ба Ватан баргардонд. Ва ин ҷасорату сиёсати  давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониёнро ба ҳайрат  гузошт. Аз як каф хокистари ҷанги таҳмилӣ давлати пешрафта бунёд намуд. Он замоне, ки мардум ба ин рӯзу фардои хеш бовар надошт.  Қалбҳои дардмандонро дармон, ғамхонаро шодӣ, кулбаҳои харобгаштаро обод, роҳу пулҳо, нақбу неругоҳҳо бунёд намуд. Ин ҳама ободкорию, сулҳдӯстию ваҳдатофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  давлатҳои муттарақии ҷаҳон ҳамчун мактаби бузург мавриди омӯзиш қарор додаанд.
 

Зимни боздид аз “Кохи Наврӯз”, ки амсолаш дар ҷаҳон нест боз ҳам ифтихор аз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намудам. Ифтихор аз тоҷик буданаму аз давлатдории Эмомалӣ Раҳмон намудам, ки Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳон  бо  ваҳдатсолорию бунёдкорӣ, созандагию пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ  дар  ҷаҳон муаррифӣ карданд.
 

Давоми 5 рӯзе, ки дар шаҳри Душанбе будем, аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дидан намуда, ба ректори донишгоҳ, ҳайати устодони ин даргоҳи илму дониш вохӯрдем. Махсусан суҳбати ихтисосӣ  бо барандаи Шоҳҷоизаи  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шукронаи Тоҳирӣ хело ҷолиб буд. Ӯ новобаста аз ҷавонии хеш дар суҳбати рӯ ба рӯ бо 35 нафар журналистон озодона ва  хело ботамкин бо риояи  лутфи сухан ҳарф мезад. Ба ҳар як суол посух мегуфт, ботамкину оромона, ширину орифона. Чеҳраи зебои тоҷикона  ва лаҳни шоиронаи Шукрона муттаасирамон сохт. Аз  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ дошт, Шукрона, ки ҷиҳати ҷалби насли ҷавон ба китобхонию  илмомӯзӣ озмунҳои гуногунро роҳандозӣ намудаанд.
 

Соате дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз факултети журналистика дидан намудем, ёди устодони гиромӣ Воҳид Асрорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Пайванди Гулмуродзода, Муртазо Зайниддинов равонашон шод бод, намудем. Хотироти даврони тиллоии умрамон- донишҷӯӣ пеши назар ҷилвагар гашт. Панду сабақҳои устодам Асадулло Саъдуллоев ва симои ботамкину қалби  покаш, нигоҳи гарму самимиаш, роҳнамоиаш бароям ҷиҳати интихоби ҷодаи журналистӣ ҳеҷ гоҳ аз хотирам зудуда намешавад. Бори дигар ба дастандаркорони Корвони иттилоотии журналистон, аз раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  барои  ташкили Корвони журналистон ба шаҳри Душанбе, истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос менамоям. Зеро ба мо имкон ва шароит пайдо карданд, ки аз Китобхонаи миллӣ дидан намоем. Аз ин ганҷинаи бебаҳои илму дониш  шиносоӣ пайдо намуда, ҳамчунин аъзои Китобхонаи миллӣ гаштем.
 

Пасон дар мизи мудаввар дар мавзуи "Шаҳри Душанбе - қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол" ширкат ва суханронӣ намудам, ки бароям фараҳбахшу фаромӯшнопазир буд. Дар чорабинии мазкур раиси ИЖТ Зиннатуллоҳ Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Сулаймон, Директори Агентии миллии иттилоотии “Ховар” Субҳиддин Шамсиддин ва дигарон оид ба рушду нумуи пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  раиси ҷавону созанда Рустами Эмомалӣ андешаронӣ намуданд.
 

Маҷмааи Истиқлол бори дигар аҳли Корвони журналистони Тоҷикистонро ба таърихи гузашта - дирӯзу имрӯзи соҳибистиқлолии Ватани  азиз  роҳнамун сохт.
 

Боздиди аҳли корвон аз "Шаҳри ҳушманд" басо хушоянд буд. Ба ростӣ аз ин сафари Корвони иттилоотии журналистон ба шаҳри Душанбе ва таассуроти хеш гуфтаниҳо хело зиёд аст, сайри шабонгоҳи пойтахт нотакрору  афсонавӣ буд. Душанбеи чароғону зебо, муаттару дар оғӯши гулҳо, биноҳои баландошёна, гулгашту боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ, кӯчаҳои равшану пурнур, сайру гашти меҳмонону сокинон муҳим аз ҳама  амну осоиш, чеҳраҳои хандони ҳамагон қалбҳои моро тасхир намуд. Сафари Корвони иттилоотии журналистон анҷом  ёфт. Мо бо қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе  хайру манзур намуда, бо як ҷаҳон таассуроти нек, кулвори пур аз маводҳои эҷодӣ роҳ  пеш гирифтем ҷониби шаҳри Бохтар.

 Асалмо САФАРЗОДА, раиси ИЖТ дар вилояти Хатлон,
Бохтар- Душанбе-Бохтар.