ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Агар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо сохта ба истифода додани биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимию томактабӣ ва ворид гардидани технологияҳои муосири таълимӣ соҳаи маориф дар вилояти Хатлон беҳтар гардида бошад ҳам, аммо то кунун мушкилиҳо дар ин самт вуҷуд дорад.

Тибқи иттилои манбаъ дар вилоят шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ ба 1386 адад, расидааст, ки дар онҳо 867 ҳазору 185 нафар хонанда ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Бо далели зиёд шудани аҳолӣ ва шумораи хонандаҳо дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ мушкили камбуди ҷойи нишаст ба миён омадааст, ки аз мушкилоти ҳалталаби соҳа ба шумор меравад.
 

Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш қайд карданд, ки: Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.
 

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
 

Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муас-сисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам мебошад. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.
 

Дар ҳамин ҳол Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шарикони рушд ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва беҳтар сохтани раванди таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда  истодаанд. Танҳо дар соли 2023 дар вилоят 11 адад муассисаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
 

Давоми солҳои хониши 2022-2023 дар вилоят дар маҷмуъ 196 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 1470 синфхона барои 35 ҳазору 280 ҷойи нишаст дар як баст ва дар ду баст 70 ҳазору 560 ҷойи нишаст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки аз дастовардҳои соҳа маҳсуб меёбад. Раванди бунёду азнавозии иншооти соҳаи маориф дар шаҳру навоҳии вилоят идома дошта, айни замон дар 255 муассисаи таҳсилоти умумӣ  сохтмони 1927 синфхона барои 47 ҳазору 557 ҷойи нишаст бо маром идома дорад. Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон саҳми соҳибкоронро дар сохта шудани иншоотҳои соҳа назаррас арзёбӣ мекунад.
 

Дар вилояти Хатлон 86 ҳазору 513 нафар кӯдакон дар 166 муассисаи томактабӣ ва 1286 маркази инкишофи кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки нисбати соли 2022 фарогирии кӯдакон дар соли 2023 15 ҳазору 800 нафар зиёд гардидааст. Аммо ба гуфтаи коршиносони соҳа таҳлилҳо нишон медиҳад, ки фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо то кунун қонеъкунанда набуда, масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
 

«Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар марҳилаи якум-солҳои 2022-2024 22,5 дарсад иҷро гардидааст. Сол аз сол дар доираи имкониятҳои мавҷуда, мушкилоти соҳаи маориф ҳалли худро пайдо мекунад»,-мегӯяд Ғ. Сафарзода.
 

Давоми солҳои соҳибистиқ-лолии мамлакат бо фароҳам гардидани шароити таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимӣ дараҷаи дониш ва маҳорату малакаи хонандагон баланд гардида, дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок мекунанд. Ба гуфтаи Ғазалшо Сафарзода, соли 2023 2 ҳазору 891 нафар хонанда дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок варзида, 385 медал, аз ҷумла 27 медали тилло, 100 медали нуқра ва 285 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
 

Инчунин, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 669 нафар хонадагон фаъолона иштирок карданд, ки 11 медали тилло, 81 медали нуқра ва 577 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбати соли 2022 49 медал зиёд мебошад.
 

Дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» як нафар соҳиби шоҳҷоиза ва 20 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, дар озмуни «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат» ду нафар соҳиби шоҳҷоиза ва 7 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 24 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
 

Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани омӯзгорон ба соҳаи калидии ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи му-қаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон" аз 3 майи соли 2006 таҳти рақами 197 ба тавсиб расидааст.  Мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шудааст.
 

Барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ҳастанд ва дар намудҳои гуногуни мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, аз якуми январи соли 2007 имтиёзҳои зерин муайян карда шаванд:
 – бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ:
 – дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боҷдорӣ ва полезикорӣ:
 – додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал.
2.    Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷудо намудани қитъаи заминро мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи банди яки ин қарор ҳал намоянд.

 

Ба гуфтаи Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар асоси қарори мазкур давоми соли 2023 ба 83 нафар омӯзгори ҷавон қитъаи замин барои бунёди манзили зист дода шудааст, ки бештари онҳо дар ноҳияҳои Данғара, Дӯстӣ ва Кӯшониён мебошанд. Дар ноҳияи Ҷайҳун бошад, ба як нафар омӯзгор хона бунёд карда шуд. Инчунин, 78 нафар омӯзгор аз қарзҳои имтиёзнок бархурдор шуданд, ки маблағи умумии онҳо 468 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
 

Мушкилоти дигари соҳаи маорифи вилояти Хатлон ин муассисаҳое ҳастанд, ки дар се баст фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи масъулини соҳа дар се соли ахир ин мушкилот қариб, ки ҳалли худро пайдо кардааст. Ғазалшо Сафарзода мегӯяд, дар соли хониши 2022-2023 17 муассисаи таълимӣ дар ҳолати се баста қарор доштанд, ки давоми соли 2023 9 адади онҳо аз чунин ҳолат бароварда шуданд.
 

«Агар соли 2023 дар вилоят беш аз 37 ҳазор хонанда муассисаҳои таълимиро хатм карда бошанд, зиёда аз 97 ҳазор хонанда ба синфи якум пайвастанд. Дар даҳ соли оянда то 60 ҳазор хонанда ҳамасола эҳтимоли зиёд шудан дорад. Соли гузашта 27 ҳазору 8 нафар толибилмон зиёд шуда бошад, имсол ин рақам ба 24 ҳазору 150 нафар расид. Ҳамин аст, ки мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳо ба миён меояд»,-ироа дошт сардори Раёсати маорифи вилоят.
 

Бояд қайд кард, ки Ғазалшо Сафарзода, ташаббусҳои ҳизбии «Мактаби ман» ва «Соати сиёсӣ»-ро дар баланд бардоштани мафкураи сиёсии хонандагон ва таъмиру азнавсозии синфхонаву муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмини онҳо бо мизу курсӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”