НАҚШИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои
асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Соли 2024 дар кишварамон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дош-танд, ба истиқболи арзанда аз ин санаи муҳими таърихӣ сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда сафарбар намоянд.
«Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

 

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
 

Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори ҷашнвораи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар марҳилаи кунунии рушду тараққиёти мамлакати мо, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар масири татбиқи  ҳадафҳои бузурги миллату давлатсозӣ гомҳои устувор гузошта истодааст, эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  иқдоми ниҳоят муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мегардад, - иброз медорад судяи Суди шаҳри Бохтар Шерализода Зебонисо Чорӣ.

 

– Дар радифи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули афкори ҷомеа бобати моҳияти аз бар намудани донишҳои ҳуқуқӣ, ҳамзамон, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ аз омилҳои муҳими расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида дар соли маърифати ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.
 

Ба гуфтаи Шерализода Зебонисо баррасии парвандаҳои ҷиноятиву гражданӣ ва ҳам парвандаҳои оилавию маъмурӣ аз ҷониби судяҳо нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии содир намудани ҷиноят, қонунвайронкунӣ ва дигар кору кирдорҳои номатлуб аз ҷониби шаҳрвандон, ки ба поймол шудани ҳаққу ҳуқуқҳо, хисороти молии шахси дигар ва пошхӯрии оилаҳову бехонаву саробон мондани занону кӯдакон мегарданд, ин аз надонистани оддитарин ҳаққу ҳуқуқҳо ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии сокинон аст.
 

- Бинобар ин мо судяҳо вобаста ба парвандаҳои баррасинамуда ба мақомоти дахлдори маҳал ва бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъйинотҳои хусусӣ ирсол менамоем. Аз ҷумла, дар соли гузашта аз 28 адад парвандаҳои ҷиноятии ба суд воридгардида 24 адади онро баррасӣ намуда, дар асоси онҳо 16 таъйиноти хусусӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намудаам. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ риояи қонунҳо ва пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту қонунвайронкуниҳо 7 мурофиаи вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ тариқи суди сайёр баррасӣ карда шуд, ки дар он сокинони маҳаллаҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар соли 2023 аз 25 адад парвандаҳои граждании воридшуда 21 адади он, аз ҷумла, 4 парвандаро тариқи суди сайёр баррасӣ намуда, 5 таъйиноти хусусӣ бароварда шуд. Дар мавриди парвандаҳои маъмурӣ бошад, дар ин давра 67 парвандаи воридгардидаро, баррасӣ намуда, вобаста ба онҳо 14 таъ-йиноти хусусӣ ба соҳаҳои марбута ва мақомоти дахлдор  ирсол карда шуд. Аз ҷумла, бо дарназардошти маърифатнокии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон 17 адад парвандаҳои маъмурӣ тариқи судҳои сайёр баррасӣ гардид.
 

Масъалаи дигар дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳии аҳолӣ ин пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо мебошад, ки мутаассифона солҳои вобаста ба баҳсу муноқишаҳо ва ҷудошавии оилаҳо омори воридоти парвандаҳои оилавӣ ба судҳо зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, ба ҳайси судяи суди шаҳри Бохтар дар як соли охир 82 парвандаи оилавиро барои баррасӣ гирифта будам, ки аз ин 65 парвандаро баррасӣ намуда, 8 таъйиноти хусусӣ ба мақомоти дахлдор ва масъулони бахшҳои марбута ирсол намудаам. Бо мақсади воқифгардонии аҳолӣ аз оқибатҳои нофаҳмиву рашку дигар хислатҳое, ки ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад ва ҳам ба хотири баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии сокинони шаҳри Бохтар 7 парвандаи оилавиро дар судҳои сайёр баррасӣ намудам, изҳор дошт дар идомаи суҳбат Зебонисо Шерализода.
 

 - Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баррасии парвандаҳои оилавӣ дар суди сайёр дар ташаккули афкори ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, тарбияи маънавии оилаҳои ҷавон ва ҷалби падару модарони навхонадорон ба тарбияву ислоҳи хатокориву камбудиҳои ҷавонон нақши бағоят муҳим мебозад. Чаро, ки дар бештар маврид маҳз дар рафти баррасии парвандаҳои оилавӣ ҷонибҳо хатову иштибоҳи худ-ро дарк мекунанд ва аҳли оила ва хешовандону ҳамсояҳои оилаҳои ҷавони дар ҳоли муноқиша, зимни иштирок дар мурофиаҳои суди сайёр донишу маълумоти ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Мусаллам аст, ки шаҳрвандони худогоҳу тарбиятдида баъди иштирок дар судҳои сайёр ҷиҳати рафъи камбудиҳо дар муносибатҳои оиладорӣ хулосаҳои судманд мебароранд.
 

Тибқи иттилои судяи суди шаҳри Бохтар Зебонисо Шерализода новобаста ба касбу кор ва сатҳи маълумтнокиашон иштироки шаҳрвандон дар судҳои сайёр аз ҳар лиҳоз судманду омӯзанда мебошад. Зеро инсон аз овони худро шинохтан то охири умр ба илму донишандӯзӣ, тарбияи маънавию маърифатнокӣ эҳтиёҷи зиёд дорад ва нафаре, ки аз доираи ин арзишҳо дар канор мемонад дар зиндагӣ ба хатову иштибоҳи зиёд мувоҷеҳ мегардад. Бо дарназардошти ин нукта мо судяҳо ташкилу баргузории судҳои сайёрро омили таъмини шаффофият дар ҷараёни баррасии парвандаҳо ва бовариву эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ арзёбӣ намуда, ҳамзамон иштироки бештари шаҳрвандону сокинони шаҳри Бохтарро дар мурофиаҳои суди сайёр ба манфиати умум мешуморем.
 

Чуноне, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон изҳор доштанд, “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”. Мо, судяҳои Суди шаҳри Бохтар бо ҷонибдорӣ аз иқдоми хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат, ки соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.  тасмим дорем, ки ҷиҳати баррасии бештари парвандаҳо тариқи судҳои сайёр саъю талош намуда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ва коҳиш додани  ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби  шаҳрвандон  саҳми  арзандаи худро  гузорем.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”