БОХТАР. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар  толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар,  Баротзода Файзулло Раҷаб,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, фаъолон, вакилон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.
 

Дар маҷлис шаш масъала, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва нақшаҳо барои давраи оянда, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар барои соли 2024, ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, тасдиқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 

Вобаста ба масъалаи якум, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Неъматулло Иброҳимзода доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки новобаста аз камбудиҳо кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар корҳои ободонию созандагии шаҳр, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи   ҳизб ва сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни шаҳрвандон саҳми муносиб  гузоштанд.
 

Сипас, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва шаҳрии  ҲХДТ,  раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кор бо занон, ҷавонон  ёдовар шуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ  сазовор пешвоз гирифтани санаҳои муҳими таърихӣ 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.
 

Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба  сухан  баромада, изҳор дошт, ки Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ  бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини  рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон  ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
 

Бояд гуфт, ки Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, аз Паём то Паём ин санади муҳим ҳамчун роҳнамои тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ба рушди мамлакат равона гардида, хизмат мерасонад.
 

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта ҷумҳурии мо дар соли 2024-соли бузургдошти сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии ҳаёти мардуми он қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад.
 

Аз ин лиҳоз, мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар партави дас-туру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро дар самти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баргузории аксияҳо, ташаббусҳои ҳизбӣ тақвият бахшида, мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ ва 30-солагии  таъсисёбии ҲХДТ даъват намоем. Саидзода Ҷамшед Ҳамро, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтарро дар ҳама самтҳои фаъолият қаноатбахш арзёбӣ намуд.
 

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир ба як қатор фаъ-олони ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб тақдим карда шуда, 5 нафар собиқадорони ҲХДТ низ бо мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида шуданд.

Зебо ИКРОМЗОДА
"Ҳамрози халқ"