ПАЙРАВИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, КИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ УСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ дар ноҳияи Балҷувон бо маром идома дошта, ҳамарӯза корҳои назаррасе ба анҷом мерасанд, ки таърих номи неки ин фарзандони созандаву бунёдкорро абадан сабт хоҳад кард, ки барои насли оянда намунаи ибрат ва нумуи мардони асил, ки  пайравони ҷонфидо боқӣ хоҳанд монд.

Ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ бо иштироки бевоситаи Роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Н.М бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон баргузор гашта истодааст.

Пайрави асили Пешвои миллат, ки нумуи ибрати олии меҳандӯстию ватанпарвариро дар худ касб намудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини диёр гаштааст, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар чунин иқдомҳои нек фаъолона иштирок намуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоён гузошта истодаанд.