ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре медонем, ҷавонони соҳибиқболи даврони истиқлолият имрӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизбии ноҳияи Темурмалик дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор доранд. Зеро нақши ҷавонон дар таТбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб басо баланд арзёбӣ мегардад. Ҳамарӯза ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шаҳрвандонИ бонангу номуси ин ноҳия барои ба сафи ҳизб дохил шудан муроҷиат карда мешавад.

           Қобили қайд аст, ки имруз аксарияти аъзоёни ин ҳизбро ҷавонони бонангу номус ва шарафмандИ кишвар ташкил медиҳанд, ки ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда ва баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд.

           Зимни суҳбат сокинони ноҳияи Темурмалик, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ муроҷиат ба сафи аъзои ҳизбро доранд, бо як ифтихори баланд, оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷҷасумгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён намуда, ба аъзоги қабул соҳиби шаҳодатномаи ҳизби шуданро ифтихор менамоянд.