КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲОИ ҲАМЕШАСАБЗ ДАР ТИ "МЕҲРВАР"-и МТМУ 30

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси ҳидоятҳои рӯзафзун ва пайвастаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши протоколии Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати гулгулшукуфон намудани ноҳия ва дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 ҷамоати деҳоти Чубек кадри ҷавону кордон Мустафоқулов Улуғбек дар ҳамбастагӣ бо ҷамъи омӯзгорон ва хонандагон як гӯшаи санглох ва бекорхобидаи атрофи муассисаро бо дастгоҳҳои замонавӣ (мехлапат) обод намуда, дар ҷои он 100 бех дарахти арча шинониданд. 

         Барои хурду бузурги сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухани "Ободонӣ мароми мост" барои шиор нест, балки ҳадафи аслии ҳар шаҳрванди ноҳия ободӣ ва зебоӣ мебошад. Вобаста ба ин дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ ин бори чандум аст, ки бо эҳтимоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меҳрвар" и Муассисаи болозикр ҳашари дастҷамъӣ дар гирду атрофи муассиса, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳит корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ доир мегардад. 

       Ба ҳамагон маълум аст, ки гул ва арча ин зебдиҳандаи муҳит мебошад. Ҳадаф аз шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мебошад.

      Тавре, ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 дар суҳбат бо мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ иттилоъ дод: дар баробари ба роҳ мондани таълиму тарбияи дурусти насли наврас ҳамзамон ободонӣ кардан ин рисолати шаҳрвандии мо мебошад ва дар ин маконе, ки бо ташаббуси мардуми маҳалла ободу зебо гардид қаблан инҷо санглохе беш набуд.

 

Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот