КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲАИ ГУЗАРИ БОЛОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми январи соли 2024 дар  деҳаи Гузари болои Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, сокинони деҳаи мазкур ба ободии диёр машғуланд. Сокинони диёр дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” баромада тариқи ҳашар роҳи марказии деҳаро барои сангфарш ва баъд мумфарш намудан омода сохта роҳро кушод ва ҷуйборҳоро  аз решаҳои дарахтон тоза намуда, барои барои сементпуш намудани он аз нав канда истодаанд. Дар иҷрои ин кор саҳми аҳолии деҳа назаррас буда, аз сарҷамъию иттифоқӣ ва диёрдорию ободкории сокинони деҳа шаҳодат медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки сокинони деҳаи Гузариболо меҳнатдӯсту меҳандӯст буда, пайваста дар ободиву зебогии деҳаи худ саҳмгузоранд.