Корҳои ободонӣ ва шинохтани гулу гулбуттаҳо дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳияи Восеъ вусъати тоза касб намуда истодааст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи Маориф”-и ноҳияи Восеъ яке аз ташкилотҳои меҳнатдӯст ва ободкор буда, пайваста ҳашарҳои дастаҷамъонаро баҳри ободиву зебогии ноҳия ба роҳ мемонад, то, ки саҳми хешро дар боз ҳам зеботар гардонидани ҳусни  ноҳия гузоранд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани  ин мақсадҳои наҷибона санаи 15.01.2024 дар назди бинои Шуъбаи Маорифи ноҳия боз як ҳашари дастаҷамъона бо иштироки кормандони шуъба доир гардид. Дар ин ҳашар корҳои ободонӣ аз ҷумла шинохтани гулҳо, нармкардани бехи гулҳо ва тоза намудани ҷӯйборҳои қад-қади роҳ ба анҷом расонида шуд.

Корҳои ободонӣ дар ин самт минбаъд ҳам идома меёбад.