ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ростои таҷлили сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маркази ноҳия дар масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳои маркази ноҳия ва майдончаҳои гирду атрофи биноҳои маъмурию иҷтимоӣ эътибори махсус дода шуда, дар доираи дастгирии ташаббусҳои ҳизбӣ дар ин самт пайваста тадбирандешӣ мешавад. Санаи 13.01.2024  кормандони масъули ҳизбӣ барои тоза намудани гирду атрофи биноҳо ҳашари умумӣ ташкил намуда, корҳои ободониро анҷом доданд.