БАРРАСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ДЕҲАИ ТУТҚАВУЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12-уми январи соли  2024 дар деҳаи Тутқавули  Ҷамоати деҳоти Деҳибалани ноҳияи Муъминобод бо иштироки 23 нафар фаъолону сокинон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар идома инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии бемории сироятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон вохӯрии судманд доир гардид.  Ҷамъомади мазкур дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иброз карда шуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд, то ин ки ҷавонон илмҳои замони муосирро ба пуррагӣ аз худ намуда, дар рушду пешрафти Ватан ва зиндагии хеш саҳмгузор бошанд.