ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ободу зебо гардонидану ба "Кишвари Сабз" табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо дар шоҳроҳҳои С.Истиқлол, Заргар ва Ҷ.Балхӣ , Бохтар шанбегии дастаҷамъона ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда дар якҷоягӣ бо иштироки кормандони ҳифзи муҳити зист, корхонаи роҳсозӣ, аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва дигар сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки сокинони ноҳия тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ҳашари дастачамъона ташкил намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи маҳали худ, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тозанамудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми босазои худро гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.