АЪЗОИ ҲИЗБ БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ҷалб ва шомил намудани шаҳрвандон ба сафи ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия пайваста корҳои таблиғотию ташфиқотиро ба роҳ монда, доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истоааст.Ҳамзамон дар аввалҳои моҳи январи соли равон ба унвонии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аризаи як чанд нафар кормандони ҷавони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия воридгардида, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд. Дар асоси Оиннама ва Низомнома ба аъзогӣ қабул карда шуда, дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзоҳои тозақабулгардида дар як фазои тантанавӣ супорида шуд.

        Суратгузориш аз ҷараёни аксияи шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман!;