ШАНБЕГӢ ДАР ТИ "БОБОҶОН ҒАФУРОВ -МТМУ №19"

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

13-уми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Қубодиён шанбегии умумӣ бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бобоҷон Ғафуров- МТМУ №19” ва масъулон дар ноҳияи Қубодиён шанбегӣ доир гардид. 

 Дар корҳои ободонӣ иштирокдорон барои тоза намудани гирду атрофи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бобоҷон Ғафуров- МТМУ №19”  саҳм гузошта заминҳои назди бинои ташкилотро нарм намуда, гулҳои ороишии назди бинои муассисаро ба тартиб дароварданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён минбаъд низ дар тозагиву бунёдкории ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.