САҲМГУЗОРИИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нурафшон"-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои хушобу ҳаво воқеъ буда, аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавӣ ва паҳнову масоҳати маъмурӣ яке аз беҳтарин муассисаҳои олии таълимӣ ба ҳисоб меравад. Боғистону гулгаштҳои зебо ва дарахтони сояафкану ороишӣ ба симову муҳити атрофи он ҳусну таровати бештаре мебахшад.

Санаи 13-уми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ, роҳбарияти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, кормандон ва омӯзгорони ин муассисаи олии таълимӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва дар тозаву кабудизоркунии ҳудуди Донишкада саҳми арзандаи худро гузошта, беш аз 100 дона дарахтони ҳамешасабзи арча шинониданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари саҳми арзанда гузоштан Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар таълиму омодасозии мутахассисони соҳаи энергетика давоми солҳои таҳсил донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ аз муҳити сарсабзу манзараҳои зебо, боғистонҳои мевадиҳандаву гулгашту боғҳои ороишии ҳудуди маъмурии инҷо баҳравар мегарданд.

Бо дар назардошти моҳияти кабудизоркуниву истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои зархезу боғҳои файзбор, ҳайати кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар мавсимҳои ниҳолшинонӣ аз ҷумла дар ин шабу рӯз саъю талош менамоянд, ки дар корҳои ободониву кабудизоркунии муҳит саҳми арзандаи худро гузоранд.