ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва бо ҷалби соҳибкорон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо”-и беморхонаи марказии ноҳия бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони шуъбаи гушу-гулу ва бинӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳравҳои дохилӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона дар масофаи зиёда аз 3 километр сафолакпуш карда шуд.

Ин аст, ки мо дар масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони ҷамоати шаҳраки Бохтариён боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қаид аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.