ПАЙРОҲАИ ИФТИХОР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар масири рушду тараққиёти мамлакат, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум ва амалисозии орзуву ормонҳои миллату давлатдории навинамон арзёбӣ мегардад, дар солу замоне андар арсаи сиёсат зуҳур карда буд, ки Сарвари ҷавони мамлакат ҳама саъю талоши хешро ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва барқарорсозии харобаҳои аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ равона намуда буд.

Ҳамин сон, дар солҳои аввали фаъолиятҳои сиёсӣ, ки  нахустин пайравони Мактаби сиёсии Сарвари давлат баҳри муаррифии ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдатгароӣ ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар миёни мардум фаъолият мебурданд, танҳо беҳтарин кадрҳои лаёқатманд, ки бо донишу ахлоқи намунавӣ дар ҷомеа соҳибэҳтиром буданд, ба сафи ин ҳизби сиёсӣ пазируфта мешуданд.
Собиқадори ҳизб Маҳ-мадсаид Абдулҳайев, ки имрӯз вазифаи раиси Шурои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба уҳда дорад, аз зумраи шахсиятҳои обрӯманду соҳибэҳтиромест, ки дар ин масири пурифтихор ҳамқадами ҳамсафони ҳизбӣ хизматҳои шоистае анҷом додааст.

 

Фаъолияти худро дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз соли 1999 оғоз бинмудаам. Дар он солҳо раиси ноҳия шодравон Файзалӣ Гурезов ҳамзамон вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро бар зимма доштанд, - иброз дошт дар оғози суҳбат Маҳмадсаид Абдулҳайев.
 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамагӣ ду басти корӣ дошта, шумораи аъзои ҳизб 500 нафарро ташкил медод. Мусаллам аст, ки дар он солу замон бинобар роҳандозӣ нагардидани аъзоҳаққӣ кумитаҳои иҷроияи ҳизб буҷет надоштанд ва мо чорабиниҳои сиёсиву ташаббусҳои ҳизбиро бо амри дил ва дастгирии аъзои содиқи ин неруи дар марҳилаи рушду пешрафт доир менамудем.
 -  Мурури солҳо ва тақозои тақвият бахшидани самтҳои гуногуни фаъолият дар радифи ҷалби таваҷҷуҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа ба сафи ҳизб бастҳои кориро дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиёд намудем. Баъди ҷудо гардидани ҳуҷраҳои корӣ фаъолиятро дар яке аз биноҳои ҳудуди боғи фарҳангии ноҳия идома дода, нахуст як нафар мутахассиси ҷавонро ба кор гирифта, мурури солҳо шуъбаҳои таблиғот, кор бо ҷавонон таъсис ёфта, фаъолияти ҳизб дар ноҳия ҷоннок гардид.

 

Бо ёдоварӣ аз пайроҳаи дар ин ҷода паси сар намудааш, собиқадори ҳизб иброз медорад, ки масъулини кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо таваҷҷуҳ ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамакнун ба чорабиниҳои пешазинтихоботӣ маҳдуд нашуда, дар доираи барномаи ҲХДТ самтҳои нави фаъолиятро ба роҳ монда, оид ба мавзуъҳои рӯзмарра миёни мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекарданд.
 

Вақте, ки дар соли 1999 баъди баргузории раъйпурсии умумихалқии конститутсионӣ дар кишварамон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони дупалатагӣ Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт, фаъолиятҳои аҳзоби сиёсии кишварамон, ба хусус ҲХДТ дучанд ҷиддӣ шуда, аз ҷумла кормандону фаъолони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолиятро дар самти омодагӣ ба маъракаи пешбарии номзадҳо ба маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия, вилоят ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
 

Дар он давра як тан аз аъзои фаъоли мо Саодат Алаёрова, ки узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ҳисоб мерафт, ҷиҳати муаррифии ҳизб  миёни сокинони ноҳия нақши ниҳоят муҳим гузоштааст. Азбаскӣ дар он шабу рӯз дигар аҳзоби сиёсӣ низ фаъол буда, дар вазифаҳои роҳбарии зиёд ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ фаъолият доштанд, ҷалби таваҷҷуҳи кормандони касбу кори гуногун ба аъзогии ҳизб кори осон набуд. Аз ин лиҳоз, теъдоди бештари аъзои ҲХДТ деҳқонону хоҷагидорон  буданд ва кормандони Кумитаи иҷроия низ баҳри зиёд намудани аъзои ҳизб бештар миёни синфи коргар ва ҷавонон тамаркуз доштанд.
 

Дар воқеъ, тӯли 30 соли фаъолияти пурсамари ҲХДТ тамоми дастоварду пешравиҳо ва муваффақиятҳои назарраси мо ҳизбиён аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки бо хиради азалӣ ва  иқдомҳои хирадмандонаи хеш дар эҳё ва рушду ташаккули ин неруи сиёсӣ нақши меҳварӣ доранд. ҲХДТ фаъолияти хешро дар майдони сиёсат бо тарғибу таҳкими ғояҳои сулҳу ваҳдатгароии Сарвари давлат ҳусни оғоз бахшида, минбаъд дар ҷалбу таваҷҷуҳи мардум баҳри барқарорсозии Тоҷикистони азиз ва татбиқи ҳадафу барномаҳои ояндасози давлати соҳибистиқлоли мо саҳми пешоҳангӣ дорад.
 

Гузори солҳо ҲХДТ ба неруи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфта, бо роҳандозӣ гардидани ташаббусҳои наҷиб дар самтҳои гуногуни фаъолият миёни мардум маҳбубият пайдо кард, ки сол аз сол сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонону бонувон афзуд. Ёд дорам тавассути корбарии масъулони яке аз нахустин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар назди собиқ Омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳия солона садҳо нафар донишҷӯён ба сафи ҲХДТ шомил шуда, ҳамин миқдори дигар омӯзишгоҳи мазкурро хатм карда, ба шаҳру ноҳияҳои зодгоҳи худ бармегаштанд. Яъне, ин ташкилоти ибтидоӣ бо ҷалби неруи ҷавонон ба сафи ҳизб  нуфузу эътибори Кумитаи иҷроияи ҳизбро баланд  мебардошт,- мегӯяд Маҳмадсаид Абдулҳайев.
 

Баъдан, собиқ раиси ноҳия  Амирулло Асадуллозода, ки аз аъзои фаъолу ташаббускори ҳизб мебошад, зимни як конференсияи ҳизбӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади фаъолгардонии нақши ҳизб дар рушду пешрафти ноҳия ва ноил гардидан ба музаффариятҳо дар маъракаҳои интихоботӣ, кормандону фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро мебояд, ки фаъолияти хешро ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои навоварона ва ҷоннок намудани  фаъолияти ҳизб дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ҷоннок намоянд.
 

Маҳз дар ҳамин давра сафи аъзои ҲХДТ дар ноҳия чандин баробар афзуда, қариб дар ҳар як оила нафаре аъзои ҳизби пешоҳанг буд. Хушбахтона бо гузашти солҳо дар баробари нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа сол аз сол шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа зиёд шуда истодааст. Ҳизби пешоҳанги ҷомеа бо саҳмгузории беназир дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, таъмири роҳу бунёдгузории иншооти гуногуни хизматрасонӣ ҳамзамон, ба садҳо оилаҳои ниёзманд кумакҳои гуногун расонида, ба чаҳор нафар нафақаи ҳизбӣ мепардозад.
 

Ба андешаи собиқадори ҳизб Маҳмадсаид Абдулҳайев дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариш ёфтани равандҳои хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти ҲХДТ ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон ва мафкурасозии созанда дар ҷомеа аз самтҳои ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, мо, собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо  таваҷҷуҳ ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ террористӣ азм дорем дар соли 2024 суҳбату вохӯриҳоро миёни ҷавонони касбу кори гуногун ва ба хусус, сокинони рустоҳои дурдаст бештар ба роҳ монем.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, “Ҳамрози халқ”