БО ТАШАББУСИ ҲХДТ НАМОИШНОМАИ "ЗОЛ ВА РУДОБА" ПЕШКАШИ ТАМОШОБИНОН ГАРДОНИДА ШУД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Санаи 8-уми январи соли ҷорӣ дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  намоишномаи «Зол ва Рудоба» пешкаши дӯстодорону ҳаводорони театр, гардид. Мавриди зикр аст, ки намоишномаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб сурат гирифта, дар он Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ, иштирок намуданд.

Намоишномаи "Зол ва Рудоба" аз рӯи асари "Шоҳнома"-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода рӯи саҳна оварда шудааст, ки нақшҳои онро ҳунармандони театр бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карданд.

Тибқи иттилоъ ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" бори аввал дар Фестивали байналмилалии 42-юми “Фаҷр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
 

Баъд аз тамошои намоишномаи «Зол ва Рудоба» раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ба сухан баромда, изҳор дошт, ки театр оинаи зиндагӣ ба ҳисоб рафта, аҳли ҳунар бо намоишномаҳои ҷолибу диданӣ ва пурмазмуни хеш мардумро аз урфу одат, фарҳангу тамаддуни пурғановати имрӯзу гузаштаи миллати сарбаланди тоҷик воқиф мегардонанд.

«Мо миллати фарҳангдӯсту фарҳангпарварем ва намоишномае, ки имрӯз пешкаши мову шумо гардонида шуд, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дошта, аз он ҳар яки мо ғизои маънавӣ гирифтем. Барои чунин намоишномаи зебо ва диданӣ, ба ҳунармандони маҳбуби Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар изҳори миннатдорӣ намуда, барои иштирок дар Фестивали байналмилалие, ки дар Эрон баргузор мегардад, барору комёбӣ таманно дорам»,- изҳор дошт Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
 

Сипас, Отахон Саидзода, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, хусусан роҳбарияти он ҷиҳати таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба театр ва намоишномаҳои ҳунармандони онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки аҳли ҳунар дар партави сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри офаридани намоишномаҳои баландмазмуну касбӣ ва рушди фарҳангу театр фаъолияти пурсамар хоҳанд дошт.

Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дастагули зебо тақдим карда шуд.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»