ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ОҒОЗИ МАВСИМИ САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ЗАМИНА ГУЗОШТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба  Маҷлиси  Олӣ  баён  доштанд,  6  январ  дар Бӯстонсарои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва Майдони 70-солагии водии Вахш мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ сурат гирифт.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
 

Раиси вилоят баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди вилоят даъват намуд.
 

Таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
 

Пешниҳод гардид, ки ҳар як оилаи сокини вилоят дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон лоақал як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Раиси вилоят иқдоми мазкурро саҳмгузорӣ дар ободонии вилоят арзёбӣ намуда, онро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву кабудизоркуниро ба роҳ монем ва ба хотири наҷоти табиат ва инсоният корҳои назаррасеро ба анҷом расонем.

 

Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
 

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
 

Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон