ИДОМАИ КОРҲОИ ДОХИЛИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «КАТС»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои дохилиҳизбӣ,  яке аз талаботи асосии  Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ мебошад.

Суҳроби Бозорали намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС»  боздид намуданд.

Дар вақти  боздид ҳолати утоқ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти болозикр, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуда дар идомаи боздид корбари коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати варақаи узви ҳизб дидан намуданд.

Дар рафти омӯзиш, аз ҷониби масъулин бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ расонида шуд.