РАФТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ ВАРЗИШӢ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем ташкилоти ибтидоии ҳизбии "мактаби варзишӣ "- "Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҳамадонӣ" дар доираи ташабусҳои ҳизби ва тибқи нақшачорабиниҳои тасдиқгардида, дар мувофиқа бо шуъбаи маорифи ноҳия дар давраи таътили зимистонаи мактабаччагон ба пешвози  ҷашни муқаддасу миллии давлатиамон 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон тарғибу ташвиқи варзиш, омавигардонии он, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди варзиширо миёни хонандагони макотиби шаҳрак ва деҳоти ноҳия аз руйи 10 намуди варзиш ба нақша гирифтааст, ки инҳо мебошанд.
-футболи хурд
-гуштини дзюдо
-шоҳмот
-волейбол(байни писарон)
-тенниси руйи миз
-гуштини милли
-шашка
-футбол
-баскетбол
-таэквондо
        Маврид ба зикри хос аст, оммавишардонии варзиш яке аз ҳадафҳои аслӣ ва асосии ҲХДТ ба шумор меравад. 
        Имрӯз дар муасиссаи мазкур мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз рӯи намуди Волейбол ва Шоҳмот баргузор гардида истодааст, ки тибқи нақша масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ  Бахтзода Ҷомӣ ҷиҳати бозтоби васеи он дар сомонаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда аз раванди мусобиқаҳо сурат-гузориш ва навор пешниҳоди корбарони фазои маҷозӣ мегардонад.Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим мебошад
        Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои кушоди ноҳиявӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон, беҳбуди бахшидан ба саломатӣ, устувор  намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани чеҳраҳои беҳтарин бозингарон ҷиҳати омода будан ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад
       
Шуъбаи иттилоот ва таблиғот