Ташаббусҳои ҳизбӣ амалӣ мегарданд

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сарсабзу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи ватани азизамон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва дигар сокинони маҳал шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар маркази Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуда зиёда аз 300 бех ниҳоли арча ва 100 бех сояафкан ва 500 адад гулҳои ороишӣ шинониданд. Ҳамчунин атрофи роҳҳои марказиро аз алафҳои хушкида ва дигар партовҳо тоза намуда бехҳои дарахтонро нарм намуданд.