ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "САЙЁҲ"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сайёҳи" дар шаҳри Левакант ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сайёҳ" Баротзода Шарифхон Маҳмадхон, муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон н.и.и., дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат д.и.и., профессор Шаропов Фарҳод Разоқович, д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Меликов Умрилло Асадуллоевич, иштирок ва вобаста ба самтҳои мухталифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд.