РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррифгари ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Тарбияи ҷисмонӣ ба инсон барои ташаккул ва мустаҳкамкунии саломатӣ ёрӣ мерасонад.  Миллате, ки бештар ба варзиш рӯй овардааст,  миллати солим аст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр дидан намуда, бо варзишгарон ҳамсуҳбат шуданд. Айни замон дар мактаби варзишии шаҳри Норак дастаи футболбозон аз ҳисоби духтарон ташкил карда шудааст, ки раиси Кумита онҳоро ҳангоми тамрин дар майдони варзишӣ дарёфт.

Зимни суҳбат Ҳасанзода Шаҳло чунин қайд кард, ки воқеан, дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рушд намуда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ба халқи тоҷик тамоми шароитҳоро барои рушд додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намуд ва дар кишварамон ба пешрафти соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд.

                   Томирис хонандаи синфи дуюм буда, яке аз хурдтарин футболбози дастаи духтарона аст, ки ҳар субҳ бо шавқу шодӣ ба варзишгоҳ меояд ва орзуи дар оянда варзишгари беҳтарин миёни духтарон шуданро дар дил мепарварад.

Варзишгардухтарон иброз намуданд, ки ҷиҳати сазовор шудан ба боварӣ ва ғамхориҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, саъй менамоем, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок варзем, зеро дастовардҳои варзишӣ миллату кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад ва шаъну   шараф, ном ва парчами миллии ӯро боло мебардорад.  

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло ба варзишгардухтарон барору комёбиҳоро таманно намуд.