ЯК СОЛИ САРШОР АЗ ДАСТОВАРДҲОИ МУҲИМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Чун ҳамасола дар арафаи фарорасии Соли нави мелодии 2024 мо мардуми соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, дар баробари натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи худ дар соли сипаригардидаи 2023, ҳамчун пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат, дар сафи пеши неруи пешбарандаи ҷомеа ва давлат, яъне, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз кору пайкори ҳизбии хеш дар масири рушду пешрафти Ватани азизамон натиҷагирӣ менамоем.

Тавре ҳамагон шоҳиди ҳол будем соли сипаригардида барои ҳизбиён, ба хусус, фаъ-олону кормандон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, соли саршор аз дастоварду муваффақиятҳои гуногун буд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҳизбиёни вилояти Хатлон, ҷиҳати татбиқи пурсамари барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар самтҳои истеҳсоливу бунёдгузорӣ, рушди бомароми иқтисодиёт, марҳилаи навини бунёду кушоиши садҳо иншооти гуногуни хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, мавриди истифода қарор додани мактабу муассисаҳои тиббӣ, ободонии мавзеҳои фарҳангӣ, таъмиру бунёди роҳу пулҳо ва ғайраҳо ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардидем.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатии кишварамон бо қадамҳои устувор ба арсаи сиёсат ворид шуда, дар як муддати кӯтоҳ дар саросари кишварамон аъзо ва ҷонибдорони содиқи худро пайдо кардааст, дар соли 2023 низ дар ҷодаи рушду ободонии мамлакат саҳми пешоҳангӣ дошт.
 

Аз ҷумла, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки ҷиҳати сафарбар намудани мардум ба корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ нақши меҳварӣ дорад, ҳамчун неруи амалисозандаи ҳадафу маромҳои ояндасози Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар ҳама самтҳо ҷоннок намуд. Натиҷаи масъулияти баланду заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарият ва кормандону фаъолони Кумитаҳои иҷроияву зерсохторҳои он  буд, ки дар соли 2023 ба дастовардҳои  муҳим муваффақ гардидаанд.
 

Дар ин давра шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 2847 адад расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 81 адад бештар мебошад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ айни замон шумораи аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 189 ҳазору 441 нафар мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 677 нафар зиёд аст. Аз ҷумла, дар ин давра аъзои ҳизб аз ҳисоби бонувон аз 82 ҳазору 536 нафар ба 96 ҳазору 388 нафар ва теъдоди ҷавонон аз 51937 то 63 427 нафар афзудааст.
 

Қобили зикр аст, ки агар дар соли 2022-юм дар вилоят 10072 нафар ба сафи ҲХДТ қабул гардида бошад. Пас, ин нишондод дар соли ҷорӣ 18 ҳазору 257 нафарро ташкил медиҳад. Дар умум, натиҷаҳо дар ҳама самтҳои фаъолияти оинномавии ҳизбӣ беҳтар буда, сол аз сол ҳизбиён дар арсаи фаъолиятҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва ташаббускориҳои ободониву рушду тараққиёти Ватани азизамон ба муваффақияту дастовардҳои баландтар ноил гашта истодаанд.
 

Тавре ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2014 Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Анҷумани ХII ҲХДТ таъкид намуда буданд: “Вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо дарназардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборатанд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии пешбинишуда такмили минбаъдаи низоми сиёсии ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи устувори ҷомеа, тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарур аст”.
 

Бо дарназардошти ин нуктаҳои муҳим аз ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо мақсади татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мо аъзо ва ҷонибдорони ин неруи пешбарандаи ҷомеа, вазифаву масъулиятҳои ҷамъиятии худро содиқона иҷро намуда, дар амалӣ гардидани иқдомҳои ояндасозӣ дар кишвари азизамон саҳми пешоҳангӣ гузошта истодаем.
 

Самараи заҳмати даста-ҷамъонаи мо ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ ва кулли сокинони меҳандӯсти кишварамон аст, ки сол аз сол дар бунёду азнавсозии мактабу муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ роҳу неругоҳҳо ва муҳимтарин иншооти хизматрасонии мардум дастоварду натиҷаҳои баланд ба мушоҳида мерасад.
 

Маврид ба ёдоварист, ки дар радифи дастовардҳои муҳиму пурсамари соли сипаригардида, ҳамзамон, дар ин давра роҳбарият ва кормандону фаъ-олони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷиҳати таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ва мафкурасозии созанда дар ҷомеа, ки аз самтҳои меҳварии фаъолияти оинномавии ҳизб арзёбӣ мегардад, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
 

Ҳизбиёни вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандона ва татбиқи ҳадафҳои бузурги пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, саъю талош менамоянд, ки ҳар соли дар масири рушду пешрафти Тоҷикистони азизро ба натиҷаву нишондодҳои бузурги истеҳсоливу анҷоми иқдомҳои созандагӣ ҷамъбаст намоянд. Зеро барои ҳар узви содиқ ва фаъолону пайравони Пешвои муаззами миллат Паёмҳои ояндасозу ҳидоятгари он роҳнамои зиндагист. Тавре ки Сарвари давлат зимни як суханрониашон дар ин маврид изҳор доштанд: ”Ман дар назди халқ барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб менамоям”. Бо дарназардошти ин нуктаҳои муҳим аз ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар узви фаъоли ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар масири пурифтихори татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дошта, муаррифгари шоистаи ин неруи сиёсӣ буданро рисолати ҳаётии худ мешуморад.
 

Агар ба фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар самти таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ғояҳои пешбарандаи ҷомеа ба сӯи ояндасозиҳо дар меҳани азизамон назар андӯзем, соли 2023 соли пурбаракату саршор аз дастоварду комёбиҳо ва баргузории сатҳи баланди чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ буд, ки ҳар як аз ин чорабиниҳо ҷиҳати мафкурасозии созанда дар ҷомеа нақши муассир дошт.
 

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи санаи таъсисёбии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Ҳафтаи ҲХДТ” роҳандозӣ мегардад, ки ба хусус, дар соли ҷорӣ мо кормандону фаъолони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, ин чорабинии анъанавиро дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудем.
 

Дар ин росто аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 225 маротиба аёдати собиқадорони ҳизб ва расонидани табрикоти роҳбарияти олии ҳизб ба онҳо, 844 чорабиниҳои расмии ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ доир карда шуд. Ҳамчунин, ба ин муносибат дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 93 маҷлисҳои тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, 100 маротиба озмунҳои гуногуни расмкашӣ, иншои беҳтарин дар байни наврасони 14-18 сола таҳти унвони ”ҲХДТ-ҳизби созанда”, даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Бо мақсади шиносоии ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ бо муҳиту шароитҳои маишии қисмҳои ҳарбӣ, 260  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни ташкилотҳои ибтидоӣ барои дастёбии “Ҷоми ҲХДТ” ва бо ҷалби волонтёрон 52 маротиба аксияҳои тозагӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, ташкили хатсайри сайёҳӣ барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз зумраи ташаббусҳои наҷибест, ки ҳамакнун дар фарҷоми сол ба ҳукми анъана хоҳад даромад.
 

Илова бар ин, бо мақсади таблиғу ташвиқи барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои бузурги  созандагӣ  ҳамасола  аз  ҷониби фаъолони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Мароми ҳизби мо созандагист" роҳандозӣ мегардад, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят варақаҳои иттилоотиро дастраси омма мегардонанд.
 

Дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ ва татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизбӣ, дар соли ҷорӣ ҳизбиён бо мақсади саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои сохтмонии иншооти муҳими аср - Неругоҳи барқи обии Роғун як зумра иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин росто, бо ҷалби беш аз 400 нафар сокинони шаҳраку деҳоти саросари вилоят ҷиҳати таъмини ҷойи кор дар НБО “Роғун”, ҳамчунин, моҳи ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сайёҳати фаъолону пешоҳангони ҲХДТ ба НБО Роғун ба роҳ монда шуд. Дар ин сафар 150 нафар фаъолон, кормандони кумитаҳои иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷалб карда шуда, аз мавзеи корҳои сохтмонии ин иншооти муҳими стратегӣ дидан намуданд. Дар ин рӯз ҳамзамон бо дастгирии узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба коргарони Неругоҳи барқи обии Роғун 10 тонна маводи ғизоӣ  дастрас карда шуд.
 

Дар баробари иҷрои барномаву нақшаҳои пешбинигардида дар самтҳои гуногуни фаъолияти ҳизбӣ, мо роҳбарону фаъолони ин неруи пешбарандаи ҷомеа бо дарки вазъи кунунии ҷаҳони муосир масъулият ва рисолати муҳими хеш медонем, ки ба хотири ҳифзи сулҳу ваҳдати кишварамон ва пешгирӣ аз таъсири равандҳои хатарзо дар ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар ҷидду ҷаҳд намоем.  Зеро масъулияти ҳизбӣ ва ҳисси ватандӯстиву эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ҳимояи арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ аз ҳар яки мо тақозо дорад, ки дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, ба хусус тарбияи ватандӯстиву тарғиби хислатҳои шоис-таи инсонӣ дар байни ҷавонон нақши муассиру масъулияти ҷиддӣ дошта бошем.
Самараи кору фаъолияти судманди мо масъулон ва кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру  ноҳияҳо аст, ки сол аз сол аз ҳисоби насли ҷавони мамлакат, ба хусус ҷавонону бонувони шаҳраку ҳам деҳоти вилоят дар ҳама зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят кору фаъолият доранд.

 

Хулоса, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири ҳифзи ин дастовардҳо ва саҳми бештар гузоштан дар рушду нумуи Тоҷикистони азизамон соли 2023-ро ба дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар соли нави 2024 – соли таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба натиҷаҳои бештару баландтар даст ёбанд. Бо умеду орзуҳои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаамон, ки ободиву пешрафт ва гулгулшукуфоии Ватани азиз арзёбӣ мегардад, фарорасии Соли нави мелодии 2024-умро ба кулли ҳамватанонамон табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи шумо сиҳатмандиву хушбахтиҳои бузург ва саодати рӯзгорро таманно дорам. Бигзор соли 2024 соли фатҳи қуллаҳои баланду орзуву ормонҳои ҳизбӣ ва соли пурфайзу баракат дар хонадони ҳар яки мо бошад.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро,
раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар вилояти Хатлон