ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

25 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.

Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
 

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2023; дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2024; дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ.
Нахуст, ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2023 ироа шуд.

 

Зикр гардид, ки соли 2023 барои мардуми шарифи вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ мегардад.

- Дар ёздаҳ моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилоят ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 млрд. 163,2 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 84,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 294,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
- Тибқи   маълумотҳо,   нақ
шаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маб-лағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 103% таъмин шуда, ба буҷет 2 млрд. 696 млн. сомонӣ ворид гардидааст. Аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ иҷрои нақша 104,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 820,0 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нишондиҳандаҳои пешбинигардида 79,1 млн. сомонӣ зиёд аст.
 

Дар 11 моҳи соли ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши мол дар тамоми соҳаи савдо ба 12,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, хизмат-расонии пулакӣ - 2,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 29 ва 10,5 банди фоизӣ афзоиш ёфтанд.
 

Дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара, Панҷ ва Кӯлоб 54 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки дар 11 моҳи соли 2023 аз ҷониби субъектҳои мазкур ба маблағи зиёда аз 97 млн. 585 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, 453 нафар шаҳрвандони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Корҳо дар самти ҷалби сармоя ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият ёфта истодааст.
Аз ҳисоби сармояи дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 794 биною иншоот, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва дигар корҳои бунёдкорӣ ба маблағи 261,8 млн. сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

Дар вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 57,6 млн. доллари америкоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Айни замон, дар вилояти Хатлон 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 957,0 млн. доллар маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология,
ҳодисаҳои фавқулодда  ва сайёҳӣ равона гардидааст. Тат-биқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталиф идома дода мешаванд.

 

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардидааст, аз 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 млрд. сомонӣ иборат мебошад.Тибқи натиҷаи мониторинги иҷро, 140 лоиҳа ба маблағи 3 млрд. 890,5 млн. сомонӣ иҷро шудааст. Дар 91 лоиҳа корҳо идома доранд.
 

Дар 11 моҳи соли равон, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 32,3 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм суръати афзоиш 105 фоизро ташкил дода, ба маблағи 1 млрд. 524,7 ҳазор сомонӣ зиёд гардид. Ин нишондод ба соҳаи растанипарварӣ 101,1 фоиз ва ба соҳаи чорводорӣ 116,8 фоиз рост меояд. Саноатчиёни вилоят якҷо бо бахши хусусӣ дар ҳаҷми 10,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 931,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
 

Дар ҳаҷми умумии ис-теҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард - 57,1 фоиз, саноати истихроҷи маъдан - 3,9 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ - 38,5 фоиз, хизматрасонӣ - 0,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 115 адад коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар вилоят 6260 адад иншоотҳои гуногуни истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 2023 бунёд ва сохтмони 1367 адад бинову иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, то санаи 1 декабри соли равон корҳо дар 1188 адад иншооти ҷашнӣ ба итмом расида, ба истифода дода шуданд.

 

Дар 11 моҳи соли 2023, сохтмон ва таъмири асосии 35 адад иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 27,4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар давоми се сол ба 63 нафар занони соҳибкори вилоят ба маблағи 750000 сомонӣ гранти раиси вилоят ҷудо гардида, барои рушди фаъолияти соҳибкории занон ба ғолибони озмун дастрас шудааст.
 

Пас аз ҳисоботи раиси вилоят ва музокираҳо, аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия: “Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2024” сардори Сарраёсати молияи вилоят Иззатуллозода Ҳабибулло гузориш дод.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар идомаи иҷлосия нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои соли 2024 баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашумро ҷамъбаст намуда, ба вакилони халқ барои фаъолияти назаррасашон арзи сипос ва барори кору саломатӣ хост.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон