ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА АФСАРОНУ САРБОЗОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба будубоши хизматчиёни ҳарбӣ узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ба 300 нафар афсарону сарбозони ДТММ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарварии ноҳияи Кӯшониён дастархони идона ороста, ҳамзамон туҳфаҳои  солинавӣ тақдим намуда, барои сарбаландона адо намудани хизмати ҳарбӣ ба онҳо таманиётҳои нек намуданд.