АЁДАТИ САРБОЗОН БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 декабри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”  Носирзода Сулаймон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуғли аҳолӣ дар ноҳия  дар арафаи соли нави мелодӣ сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии “Озодӣ” қисми ҳарбии 0306-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун аёдат гардиданд.

Нахуст Ҳасанзода Т. - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия кулли ҳайати шахсиро бо муносибати Соли нави мелоди табрику муборакбод намуданд, иброз дошт, ки “Имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи​ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд...”.

Мавриди зикр аст, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамон ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ мегиранд, муҳофизат намудани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Ҳамзамон ба кули афсарону сарбозони дидбонгоҳи мазкур тӯҳфаҳои соли навӣ ва дастурхони идона ороста гардида, баҳри болидахотирии онҳо аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шуд.