МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ роҷеъ ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар арафаи Соли нави мелодӣ ба тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти ношунавоёни ноҳия кӯмаки яквақтаина ва дастархони идона оростанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар муассисаи мазкур 55 нафар тарбиятгирандагон ки бо нуқсонҳои модарзодии ношунавои таҳсил менамоянд дар арафаи тамоми иду ҷашнвораҳои милливу сиёсии кишвар аз тарафи кумитаи ноҳиявӣ дастархонҳои идона ва тӯҳфаҳои хотирави тақдим карда мешавад.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.