РАСОНИДАНИ КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа, хусусан ятимону маъюбон, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Дӯстӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар шахсони саховатманд дар арафаи Иди соли нав кӯмакҳои яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ расонида шуда истодаа аст.

Чунин ташаббус имрӯз аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Донашикан" Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, Хаттиев Эшмаҳмад ба роҳ монда шуда, номбурда ба як оилаи ниёзманди ҳамин деҳа Эшонқулова Джумагул ба маблағи 400 сомонӣ кӯмак  намуданд.
Чунин иқдомҳо аз ҷониби дигар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва шахсони саховатпеша анҷом дода шуда, расонидани кӯмакҳо бахшида ба соли нави мелодӣ идома доранд.