БОЗДИДИ УЗВИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 07017-и ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА АФСАРОНУ САРБОЗОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 декабри соли равон, бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо иштироки узви кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардида, инчунин дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд. Сараввал роҳбарияти ноҳия ва меҳмони гиромӣ аз шароити буду боши афсарону сарбозони қисми низомӣ дидан намуданд. Сипас дар майдони қисми низомӣ ҷамъомадӣ тантанавӣ баргузор гардид.

Дар суханронии худ, раиси ноҳия тамоми роҳбарият ва ҳайати шахсиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош намуда, қайд намуданд, ки бо ғамхории ҳамешагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардида, бо лавозимоти ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаи муосир таъмин гардида истодаанд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод низ бо сухани табрикотӣ тамоми иштирокчиёнӣ ҷамъомадӣ тантанавиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба афсарону сарбозон тансиҳатӣ ва дар иҷрои хизматӣ пуршарафи ҳарбӣ таманиёти нек намуданд. Баҳри болидахотирии афсарону сарбозон, барномаи рангини фарҳангӣ бо сароидани шеъру сурудҳои ватандустона пешкаш гардид.