СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ШИОРИ ДОИМИИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳияи Балҷувон бо маром идома дошта, зебогии дучандро ба ҳусни ноҳия зам менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар ҳамбастагӣ бо дигар муассисаву ташкилотҳои дахлдор, баҳри ободиву зебогӣ ва сафолакпӯш намудани кӯчаву роҳравҳо саҳми муносиб гузошта,  дар иҷрои ин вазоифи бисёрҳам созандаву бунёдкор талошу меҳнати аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон наррас аст.

Истиқлолияти давлатӣ- орзуву ормони миллати тоҷик аст, ки бо бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ шуҳратманд гардидаанд ва имрӯз ин самараи Истиқлолият коми миллати заҳматкаши халқи тоҷикро ширин намуда истодааст.