“ТАРБИЯИ ВАТАНДУСТИИ ҶАВОНОН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Тарбияи ватандусти ва худшиносию худогоҳӣ падидест, ки раванди мунтазам ва таваҷҷуҳи ҳамешагиро тақозо менамояд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сифати яке аз субъектҳои амаликунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳвандон” дар сатҳи маҳал вобаста ба тарғиб ва татбиқи қонуни мазкур дар Муассисаи таълими №1 –и ноҳия бо аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №9” дар мавзуи “Тарбияи ватандустии ҷавонон” хониши соати сиёсӣ баргузор намуд. Сароғоз раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №9” Раҳимзода Сайҳомид роҷеъ ба моҳияти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳвандон” ва зарурати қабули ин қонуни миллӣ дар раванди мураккабӣ бархурди тамаддунҳо ё глобализатсия суханрони намуд. Тазаккур додашуд, ки ҷарраёни босурати паҳншавии иттилоот тавассути интернет ҳамаи сарҳадҳоро шикаста ба мафкураи ҷавонон таъсири манфи расонидааст. Дар ин паёмад гоҳо падидаҳои номатлуб мисоли гароиш ба бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, ифродгароӣ, экстемизм ва ба доми шахсони тақалудкор афтидани баъзе аз ҷавонон боис мегардад, ки арзишҳои ватандустӣ, худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва миллат нақз гардад.  Аз ин рӯ тарбияи Ватндустӣ ва худшиносӣ ё ҳидояти насли наврас ва ҷавон дар ин руҳия масъулият ва пайкори муназзами фаъолон, волидон ва ниҳодҳои марбутаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.