БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 23 дкабри соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқдшуда корҳои ободониро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия роҳандозӣ намуданд.

Дар ин руз масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷиробо” бо ҷалби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 шанбегӣ доир намуда, як қатор корҳои ободониро аз қабили нарм намудани замини назди муассисаи таълимӣ, шинонидани гулҳои ороишӣ ва тоза кардани новаҳои бетонӣ ба анҷом расонида шуд.