ШАМБЕГИ ДАР КӮЧАӢ А. ДАВЛАТОВ, ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист  ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-уми солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Мақсад аз баргузории чорабинии  мазкур ин тозагии муҳити зист аз ҳаргуна партовҳои маишӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо мебошад.