АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроия оид ба баргузории амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз, муовини раиси ноҳия Мирзосафарзода Шамсиддин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти Г.Гулмурод Назарова Муазама дар якҷоягӣ бо волонтёрон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Дӯстӣ ва дигар фаъолони ҳизбӣ дар Оромгоҳи деҳаи Бешаи Палангони ҷамоати деҳоти ба номи Г.Гулмуродови ноҳия ҳаршари ободонӣ баргузор намуданд.

Дар ин ҳашар зиёда аз 250 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро аз алафҳои хушкшуда ва хошок ба иҷро расониданд, ҳамзамон дар кори ҳашар имомхатибон низ иштирок доштанд.