САҲМИ БЕАНДОЗАИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 21- уми декабри соли 2023, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода И.С. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии №69-и ҷамоати деҳоти Навбаҳор дидан намуданд.

Боиси қайд аст, ки сохтмон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 69 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардида, то ҳол идома дорад.

Тазаккур бояд дод, ки ин иқдоми хайрхоҳона бо ташаббус ва кӯмаку дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми саховатманди деҳаи мазкур бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза бо сокинон ва аҳолии деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст. Инчунин сокинони маҳал азм доранд, ки маблағи даркориро саривақт ҷамъоварӣ намуда, масолеҳи сохтмониро харидорӣ кунанд ва ҳарчи зудтар синфхонаҳои иловагиро пурра сохта рангу бор намуда, ба истифода диҳанд.

Бунёди чунин синфхонаҳо дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон, ин имкон медиҳад, ки норасогии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур рафъ гардад.