СОХТМОНУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲО БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома ёфта истодааст. Дар ин росто, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳотии “Фирӯза”сохтмони 19 синфхонҳои иловагӣ идома дорад. Тавре Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Аз ин лиҳоз, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ, вакилон, кумитаи маҳал ва фаъолони ноҳияи пайватса саҳми худро дар азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ гузошта истодаанд.